Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари вазири умури дохилии Тоҷикистон ба Бадахшон


Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон субҳи имрӯз, душанбеи 1 декабр бо сафари корӣ ба вилояти Бадахшон рафтааст. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ зимни тасдиқи ин хабар, “шиносоӣ бо шароити хизмат ва фаъолияти кории ҳайати шахсӣ ва ҳамчунин омодагии ҷузъу томҳои вазорати корҳои дохилӣ ба фасли зимистон” –ро аз ҳадафи аслии сафари генерал-лейтенант Раҳимзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон унвон карданд. Ба таъкиди ин масъулон, ҳамасола ҷиҳати омодагии ҳайати шахсӣ ба фасли зимистон, ба хусус номусоидии обу ҳаво, ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳсор аз ҷониби раҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ чораҳое рӯи даст гирфта мешавад. “

Сафари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон дар ҳолест, ки қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар дар раъси як ҳайати мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба ин вилоят сафар карда, зимни ширкат дар маросими ифтитоҳи иншоотҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин бо фаъолони шаҳру ноҳияи вилоят дар маркази шаҳри Хоруғ мулоқот намуд. Пас аз ҳодисаҳои тобистони соли 2012 дар маркази шаҳри Хоруғ, раҳбарияти Тоҷикистон ва вазорату идораҳои давлатӣ ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ин минтақа таваҷҷӯҳи ҷиддӣ намуда ва ин аст, ки ҳар сари чанд вақт, мақомот ба ин минтақа сафар мекунанд.

XS
SM
MD
LG