Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти пулис дар вилояти Ҳироти Афғонистон се танро барои куштани сагҳо ва фурӯши гӯшти он ба ҷои гӯшти гӯсфанд, боздошт кардаанд.

Се нафареро, ки гӯшти сагро ҳамчун гӯшти гӯсфанд мефурӯхтанд, пулиси шаҳри Ҳироти Афғонистон замоне боздошт кард, ки машғули куштану пӯст кандани саг дар минтақаи Навободи ноҳияи шашуми шаҳр буданд. Ба гуфтаи мақомот, боздоштшудаҳо гуноҳи худро эътироф кардаанд ва ҳоло таҳқиқ мешавад, ки кори онҳо чӣ густурае доштааст.

Абдузоҳир Куллӣ, мудири умумии мубориза бо ҷинояткорӣ дар фармондеҳии амнияти Ҳирот дар тамоси телефонӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки афроди боздоштшуда ба ҷурми худ эътироф карда, вале нерӯҳои амниятӣ дар талошанд, то омилони аслии ин қазияро ошкор созанд. Вай мегӯяд, то ба ҳол рӯшан нест, ки ин афрод аз чӣ замоне машғули куштани саг ва фурӯши он ба ҷои гӯшти ҳалол будаанд. Ӯ мегӯяд, ки эътирофи афроди боздоштшуда нишон медиҳад, ки онҳо ба хотири мушкилоти бади иқтисодӣ даст ба ин кор задаанд.

Бо он ки, масъулони фармондеҳии амнияти Ҳирот гӯштҳои порчашудаи сагро аз аз назди ин афрод ба даст овардаанд, аммо шуморе аз сокинони Ҳиро дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук иддао кардаанд, ки афроди боздоштшуда аз муддате ба ин тараф 150 сагро куштаанд ва гӯшти онро ба ҷои гӯшти гӯсфанд ба фурӯш расонидаанд. Аммо мақомоти Ҳирот мегӯянд, ки ин иддао баъд аз таҳқиқот рӯшан хоҳад шуд.

Насим Саҳо, яке аз табибон дар вилояти Ҳирот мегӯяд, ки истифодаи гӯшти саг микробҳои хатарнокро ба бадани инсон интиқол медиҳад. Оқои Саҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, хӯрдани гӯшти саг бемориҳои гуногуни қалбӣ ва мағзиро барои инсон ба вуҷуд меоварад ва дар ниҳоят ба марги инсон мерасонад.

Донишмандони исломӣ ҳам мегӯянд, ислом харид ва фурӯши гӯшти сагро нораво медонад. Иззатуллоҳ Роҷӣ, як таҳлилгари умури динӣ дар Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳое,ки аз ноогоҳии мардум истифода бурда ва ба ҷои гӯшти гӯсфанд гӯшти саг мефурӯшанд, бар пояи ҳукми шаръӣ бояд муҷозот шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG