Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи иҷроияи Конфедератсиюни футболи Осиё дар ҷаласаи худ қарори кумитаи мусобиқоти АФК-ро дар бораи тақсимоти квотаҳо ба кишварҳо барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми АФК-2015тасдиқ кард.

Кумитаи иҷроияи Конфедератсиюни футболи Осиё дар ҷаласаи худ, ки 29-уми ноябр дар пойтахти Филиппин – Манила – баргузор шуд, қарори кумитаи мусобиқоти АФК-ро дар бораи тақсимоти квотаҳо ба кишварҳо барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми АФК-2015 пазируфт.

Дар Ҷоми АФК-2015 Тоҷикистонро ду даста – «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони имсолаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар ва «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи меалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, намояндагӣ мекунанд.

«Истиқлол» ба сабқат аз даври гурӯҳӣ, «Хайр» бошад, аз даври плей-офф шурӯъ хоҳанд кард.

Ба «Хайр» барои он ки ба даври гурӯҳӣ роҳ ёбад, ду ғалаба ба даст овардан зарур аст. Дар даври интихобӣ рақиби «Хайр» қаҳрамони Бангладеш - бошгоҳи «Шайх Ҷамол» мебошад. Ин бозӣ 10-уми феврали соли оянда дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар мавриди пирӯзӣ, ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 - бошгоҳи «Салом Ҷҳарта»- рақобат хоҳад кард.

Қуръакашии даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2015 рӯзи 11-уми декабр дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия, баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG