Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чандин "ҷиҳодӣ"-ро дар Раққаи Сурия куштанд


Як созмони ғайриҳукуматӣ мегӯяд, ки ҳавопаймоҳои нерӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико шаби гузашта ба пойгоҳҳои ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ дар шимолушарқи Сурия 30 бор зарба задаанд. Маркази нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад, рӯзи 30-уми ноябр хабар дод, ки ҳавопаймоҳо асосан ба минтақаи Фурусия дар воқеъ дар канори вилояти Раққа зарба задаанд. Ба гуфтаи Ромӣ Абдулраҳмон, раиси марказ, дар натиҷаи ҳамлаҳо чандин нафар аз тундравон кушта шудаанд. Таъйиди ин хабар аз дохил номумкин аст. Ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ баъди ишғоли вилояти Раққа дар соли гузашта, онро пойтахти худ эълон карданд. Ҳафтаи гузашта дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои нерӯҳои давлатии Сурия ба Раққа дасти кам 95 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар захм бардоштанд. Бино ба гузоришҳо, бисёре аз онҳо мардуми осоишта будаанд.

XS
SM
MD
LG