Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вилсон аз хидмат дар пулис даст кашид


Даррен Вилсон, як афсари пулиси Амрико, ки Майкл Бровн, як навраси сиёҳпӯстро кушт, аз мақомаш истеъфо додааст. Дар ин бора вакили дифои Даррен Вилсон, рӯзи 29-уми ноябр хабар дод. Ӯ гуфт, шахси зери ҳимояташ баъди тирандозии рӯзи 9-уми август дар шаҳри Фергуссон, дар рухсатии маҷбурӣ буд. Баъд аз онки додгоҳи Миссури, Даррен Вилсонро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кард, дар шаҳри Миссури ва дигар шаҳрҳои Амрико ошӯбу бетартибӣ сурат гирифт. Даррен Вилсон гуфтааст, ки зимни талош барои боздошти Майкл Бровн бар асоси қонун рафтор кардааст. Ба қавли афсари собиқи пулис, қабл аз тирандозӣ, ҷавони сиёҳпӯст, ӯро ба мошинаш тела дода, чанд мушт задааст ва хостааст, туфанги афсарро бигирад. Аммо ба гуфтаи иддае, Майкл Бровн хостааст, таслим шавад ва дар ин ҳин афсари пулис ба сӯи тир андохтааст. Ҳодисаи мазкур, дар тамоми Амрико баҳс дар бораи муносибати сиёпӯстон ва мақомоти интизомиро барангехт.

XS
SM
MD
LG