Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Молдова дар интихоботи порлумонӣ ширкат карданд


Дар интихоботи порлумонии Молдова аҳзоби тарафдори ҳамгироӣ бо Аврупо ва тарафдори ҳамкории наздик бо Русия рақобат доранд. Порлумони Молдова дорои 101 курсӣ аст ва бештар 3 миллиону 200 ҳазор нафар мардуми ҳаққи раъй рӯзи 30-уми ноябр вакилонашонро барои чаҳор сол интихоб мекунанд. Бино ба назарсанҷиҳои ахир, ҳизбҳои тарафдори ҳамгироӣ бо Аврупо дар интихобот пешсаф ҳастанд, аммо пешбинӣ мешавад, ки баъди ин корзори сиёсӣ, муомила барои ташкили эътилофу ҳукумат осон нахоҳад буд. Дар остонаи интихобот дар Молдова фаъолияти як ҳизби тарафдори Русияро мамнӯъ карданд ва Маскав ин амалкардро танқид кард. Молдова яке аз кишварҳои фақиртарини Аврупост ва аз соли 2009, ҳизбҳои тарафдори ҳамгироӣ бо Аврупо онро раҳбарӣ мекунанд. Ҳукумат дар ин муддат бо Иттиҳодии Аврупо, Аҳдномаи мушорикатро имзо кард ва шаҳрвандони кишвар ҳаққи иҷозаи сафари бидуни раводид ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро ба даст оварданд. Аммо дар Молдова ришвахориву фасод ба таври густурда боқӣ мондааст. Русия ҳам воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Молдоваро мамнӯъ кард ва зарбаи сахте ба иқтисоди ин кишвар зад.

XS
SM
MD
LG