Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сиёсатмадори тарафдори Толибонро куштанд


Пулиси Покистон гуфт, як пешвои суннимазҳаби ҳизби тарафдори Толибонро дар вилояти ҷанубии Синд куштаанд. Холид Маҳмуд Сумро, вакили собиқ аз Ҳизби ҷамъияти уламои шохаи Фазл-ул-Раҳмон рӯзи 29-уми ноябр ҳангоми намози бомдод дар масҷид кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомоти ҳизб, дар гузашта ба Холид Маҳмуд Сумро шаш дафъа ҳамла ва чандин дафъа таҳдид кардаанд. Баъди қатли ӯ, баъзе аз дӯкону фурӯшгоҳҳоро дар шаҳри Синд бастанд ва теъдоди хурде аз тарафдорони ӯ дар Покистон тазоҳурот карданд. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале Толибони Покистон дар гузашта аъзои ин ҳизбро ҳадаф гирифтаанд, ҳарчанд пешвоёни ин ҳизб дар музокироти Толибону ҳукумати Покистон чанд дафъа миёнҷигарӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG