Пайвандҳои дастрасӣ

Муаллим мегӯяд, ҳамлаҳои Амрико натиҷа надодааст


Волид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, гуфт, ҳамлаҳои ҳавоии ба раҳбарии Амрико ба ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ дар Сурия натавонистаанд, ин созмонро заиф кунанд. Волид ал-Муаллим дар мусоҳибае бо як телевизиони лубнонӣ, ки рӯзи 28-уми ноябр нашр шуд, гуфт, то замоне, ки Туркия марзҳояшро набандад ва пеши роҳи вуруди ҷангҷӯёни хориҷӣ ба хоки Сурияро нагирад, заиф кардани созмони Давлати исломӣ муяссар намешавад. Ин созмон қаламравҳои васеи Сурияву Ироқро ишғол кардааст. Туркия, ки бо Сурия марзи 900 километрӣ дорад, иддаоҳо дар бораи кӯмак ба созмонҳои исломгароро рад мекунад, ки ин гурӯҳҳо ба зидди ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд. Амрико ва ҳампаймонҳояш аз моҳи сентябр то кунун ба камингоҳҳои ҷангҷӯёни Давлати исломӣ зарба задаанд, вале бино ба гузоришҳо, гурӯҳҳои мухолифи давлат дар шимоли Сурия, ки кишварҳои ғарбӣ онҳоро ҳимоят мекунанд, дар ҷанг бо тундравони исломӣ ва нерӯҳои давлатӣ заифтар мешаванд.

XS
SM
MD
LG