Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори додгоҳ дар бораи Муборак содир мешавад


Интизор меравад, ки додгоҳи Миср рӯзи 29-уми ноябр қарор дар бораи муҳокимаи дигарбораи Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқро содир кунад, ки ӯ ба ҳамдастӣ дар қатли тазоҳургарон дар соли 2011 муттаҳам мешавад. Ҳуснӣ Муборак соли 2012 бо ҳамин гуноҳ, яъне ҳамдастӣ дар қатли тазоҳургароне, ки ӯро ба истеъфо маҷбур карданд, ба ҳабси абад маҳкум шуд, вале баъдан додгоҳи болоӣ ин ҳукмро беэътибор эълон кард. Ҳуснӣ Муборак, ки худро бегуноҳ медонад, айни замон ҳукми сесолаи зиндон бо гуноҳи фасодкориро адо мекунад. Ӯро дар як шифохонаи низомӣ дар шаҳри Қоҳира нигаҳ медоранд. Муҳаммад Мурсӣ, ки баъди сарнагун шудани Ҳуснӣ Муборак дар Миср ба қудрат расид, танҳо як сол ҳукумат кард ва моҳи июли соли 2013 аз тарафи артиши Миср аз мақоми раиси ҷумҳур барканор шуд. Баъдан фармондеҳи собиқи артиш, Абдул Фаттоҳ ал-Сисиро раиси ҷумҳури Миср баргузиданд.

XS
SM
MD
LG