Пайвандҳои дастрасӣ

Кабирӣ дар Маскав бо муҳоҷирон мулоқот мекунад


Бино ба иттилои масъулини Маркази фарҳангии "Нур", яке аз созмонҳои фарҳангии тоҷикони муқими Маскав, қарор аст, ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН зимни дидорҳои сафараш дар Русия бо муҳоҷирони тоҷик мулоҷот намояд. Ин вохӯрӣ дар меҳмонхонаи "Алфа", воқеъ дар наздикии метрои Партизанский дар санаи 30-юми ноябри 2014 соати 12:00 баргузор хоҳад шуд. Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳоло дар Русия қарор дорад, рӯзи 28 ноябр дар шаҳри Қазон дар нишасти ҷамъиятии Ҳамгироии иқтисодии АвроОсиё ширкат ва суханронӣ намуд.

XS
SM
MD
LG