Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поп аз ҷаҳониён хост, ки ба паноҳҷӯён кӯмак кунанд


Попи Рум ҳангоми пазироӣ дар фурудгоҳи Анкара
Попи Рум ҳангоми пазироӣ дар фурудгоҳи Анкара

Франсис-Попи Рум дар оғози боздидаш аз Туркия даъват кард, ки гуфтугӯи байни мазҳабҳо ва эътиқодҳо ба қатъи бунёдгароиву террор кӯмак хоҳад кард.

Вай 28 ноябр зимни суханони худ дар рӯзи аввали боздиди серӯзааш аз Туркия дар ҷараёни як дидори мухтасар бо матбуот бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия аз тундравҳои Давлати Исломӣ интиқод кард.

Вай гуфт, ки “бояд бо ҳамбастагии ҳамаи диндорон бар зидди таассубгароӣ ва бунёдгароӣ ва ҳамчунин тарси бехирадона, ки решаҳои суитафоҳум ва табъизро об медиҳад, мубориза кард”.

Поп Франсис афзуд, бояд ҳамаи мардум чӣ мусулмону чӣ яҳуд ва чӣ масеҳӣ аз чунин ҳақ ва иҳтиром бархурдор бошанд. Поп аз ҷаҳониён хост, ки ба Туркия барои ғамхорӣ аз 1 миллиону 600 ҳазор паноҳҷӯёни Сурия дар Туркия ба ин кишвар кӯмак кунанд. Вай чунин кӯмакро вазифаи маҳофили байналмиллалӣ донист, зеро Туркия ҳоло мизбони ин қадр паноҳҷӯ мебошад.

XS
SM
MD
LG