Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонмаҳмадов раиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъйин шуд


Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов раиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин шудааст. Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, тағйироти кадрӣ низ баррасӣ шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов, ки то ин вақт дар мақоми муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва ҳизмат кор мекард, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъйин шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин нишаст Иброҳим Қурбонов роҳбари Маркази идораи лоиҳаи Обёрии заминҳои водии Данғара, Абдуваҳоб Рафиев директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Нурофар ва Раҳимҷон Саидов муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикаэронавигатсия таъйин шуданд.

XS
SM
MD
LG