Пайвандҳои дастрасӣ

OPEC ё Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт тасмим гирифтааст, ки истихроҷи нафтро кам намекунад, бо вуҷуди ин ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи нафт хеле поин рафтааст. 27 ноябр баъд аз мулоқоти ВенаOPEC эълон кард, ки мизони истихроҷро дар ҳамон сатҳи 30 ҳазор бушка дар як рӯз нигоҳ медорад.

OPEC, ки дар он 12 кишвари тавлидкунандаи нафт узвият доранд ва баъзеи онҳо бузургтарин кишварҳои истихроҷкунанда дар ҷаҳон низ дониста мешаванд, даъватҳои баъзе кишварҳои заифтари ин созмонро дар бораи кам кардани истихроҷ дар чунин шароит нодида гирифтанд.

Баъд аз хатми мулоқоти OPEC дар Вена нархи як бушка нафт то ба 71,25 доллар поин рафт, вале то охири рӯз каме беҳтар шуд ва ба 72,58 доллар расид.

Нафти хом дар бозорҳои Амрико якбора 4,64 доллар поин рафт ва 69,05 долларро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG