Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон моҳи декабр ба Иттиҳоди Гумрукӣ медарояд


Алмазбек Атамбаев

Алмазбек Атамбаев

Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон ба ниҳодҳои зидахли кишвараш дастур додааст, ки ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Гумрукӣ ё Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро фаъолтар кунанд ва барои даромадан ба ин ниҳод омодагӣ бигиранд. Чунин дастурро вай дар Бишкек дар ҷараёни мулоқот бо ҳайати кумиссиюни иқтисодии Авруосиё додааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Қирғизистон ба матбуот хабар додааст. Бино ба ин хабар, дар ҷараёни мулоқот Харитаи роҳи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ шудааст.

Дар ҷараёани ин мулоқот ба раиси ҷумҳур дар бораи омодагии посгоҳҳои гумрукӣ барои убуру мурури коло тавассути марз гузориш додаанд. Атамбоев дастур додааст, ки зербинои зуруриро барои вуруд ба Иттиҳоди иқтисодӣ омода созанд.

Ҳоло дар Иттиҳоди Гумрукӣ Русияву Қазоқистон ва Беларус узвият доранд. Қирғизистон гуфтааст, ки то охири соли ҷорӣ ба ин иттиҳод медарояд. Интизор меравад, ки дар ин бора 23 декабр санадҳои зарурӣ ба имзо расад.

XS
SM
MD
LG