Пайвандҳои дастрасӣ

Арсений Ятсенюк боз раиси ҳукумати Украина интихоб шуд


Парлумони Украина Арсений Ятсенюкро раиси ҳукумати кишвар интихоб кард. Аз ин пешниҳоди раисиҷумҳур Петро Порошенко 341 вакили Верховная Рада пуштибонӣ намуданд. Владимир Гройсман раиси парлумони Украина интихоб шуд.

Парлумони нави Украина рӯзи 27 ноябр расман ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ҷаласаи тантанавӣ, ба ҷуз вакилони тозаинтихоб, раҳбарони пешини кишвар Леонид Кучма, Леонид Кравчук ва Виктор Ющенко, аъзои ҳукумат ва дипломатҳои хориҷӣ ҳузур доштанд.

Дар ҷаласаи нахустини парлумони нав панҷ фраксия - ҳизби “Ҷабҳаи мардумӣ”, Эътилофи раисиҷумҳур Петро Порошенко, ҳизбҳои “Самопомош”, “Баткившина” ва ҳизби тундгарои Олег Ляшко эътилофи парлумониро ташкил карданд. Ба эътилофи ҳоким 302 вакили Верховная Рада шомил аст.

XS
SM
MD
LG