Пайвандҳои дастрасӣ

Ба кувайтиҳо хонаҳои "Диёри Душанбе"-ро пешниҳод мекунанд


Охири моҳи феврал дар шаҳри Душанбе ҳамоише барои ҷалби сармоя ва ҷаҳонгардони Кувайт ба Тоҷикистон баргузор мешавад. Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Кувайт 27 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон барои ширкат дар ин ҳамоиш ширкатҳои бонуфузи Кувайтро даъват кардааст, то онҳо бо шароити сармоягузорӣ, қонунҳои вобаста ба он ва ҷаҳонгардӣ ошно шаванд.

24 ноябр дар ҷараёни боздиди Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистан аз Кувайт низ дар бахшҳои роҳсозӣ ва энержӣ бо ҷониби Кувайт тавофуқоте ба даст омад буд. Сандуқи кӯмаки Кувайт омода аст, ки дар таъмири роҳҳои Лаби Ҷар, Тавилдара ва Қалъаи Хумб бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Дар ҳамин рӯзҳо дар Кувайт як намоишгоҳи ҷалби ҷаҳонгардон ва сармоя ба Тоҷикистон баргузор шуд. Ширкатҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон “Мададгор”, “Сафари Помир”, “Ҳафткӯл” , “Боми Ҷаҳон” ва амсоли он ба ҷаҳонгардони кишварҳои халиҷ шароити қабули меҳмононро нишон доданд.

Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин бо назардошти майлу хоҳиши ҷониби Кувайт пешниҳод шуд, ки шаҳрвандони ин кишвар метавонанд аз шаҳраки “Диёри Душанбе” хона харидорӣ ва дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG