Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркиш дар Кобул як бритониёвӣ ҳам ҷон бохтааст


Масъулини полиси Афғонистон ҳалокати як шаҳрванди Бритониё бара сари ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Кобулро тасдиқ карданд. Ба итилои расмӣ, рӯзи 27 ноябр дар хиёбони Ҷалолобод, воқеъ дар шарқи пойтахти Афғонистон,як маргталаб мотосикли ҳомили маводи мунфаҷираро ба мошини сафорати Бритониё дар Кобул зад. Дар ин ҳамла дар маҷмӯъ панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон, бар асари таркиш 33 нафар аз раҳгузарҳо, аз ҷумла, панҷ кӯдак, ҷароҳат бардоштанд ва се мошин ба коми оташ рафт. Намояндаи сафорати Бритониё дар Кобул қаблан хабари ҳамла ва маҷрӯҳ шудани чанд тан аз мусофирони мошини сафоратро тасдиқ карда ва аммо аз ироаи иттилои бештар худдорӣ намуд.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт ва эълом дошт, ки он алайҳи нерӯҳои хориҷӣ равона шуда буд.

XS
SM
MD
LG