Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталаб ба мошини сафорати Бритониё дар Кобул


Масъулини полиси Афғонистон гуфтанд, ки як маргталаб мотосикли ҳомили маводи мунфаҷираро ба мошини сафорати Бритониё дар Кобул зад. Дар ин ҳамла, ки рӯзи 27 ноябр дар хиёбони Ҷалолобод, воқеъ дар шарқи пойтахти Афғонистон, сурат гирифт, дасти кам чаҳор кас аз сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон, дар ин ҳодиса 33 нафар аз раҳгузарҳо ҷароҳат бардоштанд, се мошин ба коми оташ рафт. Кормандони полис ва табибон гуфтанд, ки миёни маҷрӯҳон кӯдакон ҳам ҳастанд.

Намояндаи сафорати Бритониё дар Кобул хабари ҳамла ва маҷрӯҳ шудани чанд тан аз мусофирони мошини сафоратро тасдиқ кард ва аммо аз ироаи иттилои бештар худдорӣ намуд.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт ва эълом дошт, ки он алайҳи нерӯҳои хориҷӣ равона шуда буд.

XS
SM
MD
LG