Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман ҳашт тан аз гаравгонҳо аз банд раҳо карда шуданд


Нерӯҳои зудамали Амрико ва Яман дар як амалиёти муштарак дар як минтақаи дурдасти ҳаммарз бо Арабистони Саъудӣ ҳашт тан аз афроди аз сӯи гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб” рабудашударо раҳо карданд. Ҳамаи онҳо дар як ғор нигаҳ дошта мешуданд. Дар ин бора мақомоти Яман рӯзи 27 ноябр ба хабаргузории Associated Press иттилоъ доданд.

Ҷангҷӯён панҷ шаҳрвандии хориҷии дигар, аз ҷумла, як шаҳрванди Амрико ва як бритониёвиро чанд соат пеш аз амалиёт ба дигар мавзеъинтиқол доданд. Дар задухӯрд ҳафт тан аз мусаллаҳони “Ал-Қоида” кушта шуданд.

ИМА дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ алайҳи гурӯҳҳои ифротгаро дар Яман аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода бурдааст, аммо истифодаи нерӯҳои пиёдагард дар амалиёт – ҳодисаи нодир аст. Манотиқи шарқии Яман, ки амалиёти муштарак он ҷо сурат гирифт, моҳҳои ахир ба саҳнаи даргириҳо миёни “Ал-Қоида” ва ошӯбгарони шиамазҳаб табдил шудааст.

Сафорати ИМА дар Санъо, пойтахти Яман, ҳафтаҳои ахир бар асари таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ чанд бор фаъолияташро мутаваққиф кард.

XS
SM
MD
LG