Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 27 ноябр, соати 16 дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, маросими ботантанаи 100-солагии оҳангсози барҷастаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ таҷлил мегардад. Масъулони вазорати Фарҳанги Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “таҷлили бошукӯҳи бузургдошти ин оҳангсози маъруф бо қарори ҳукумати кишвар ва ба хотири арҷгузорӣ ба шахсиятҳои арзанда ва қадрдонии хадамоти шоёни онҳо сурат мегирад.” Зиёдулло Шаҳидӣ яке аз асосгузорони санъати мусиқии касбии тоҷик ёд мешавад, ки дар жанрҳои гуногуни мусиқии профессионалӣ, аз қабили суруд, романс, миниатураи инструменталӣ, асарҳои оркестрӣ ва хор, мусиқии театр ва синамо, симфония ва опера асарҳо эҷод кардааст.

XS
SM
MD
LG