Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии консули нав дар Екатеринбург


Аз чап ба рост: И.Сатторов, Е.Куйвашев ва С.Сафаров
Аз чап ба рост: И.Сатторов, Е.Куйвашев ва С.Сафаров

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сафаров рӯзи 25 ноябр дар мулоқоташ бо волии вилояти Свердловски Русия Евгений Куйвашев консули нави Тоҷикистон дар Екатеринбург Сафар Сафаровро муарриӣ кард. Оқои Сатторов консули ҷадидро "дипломати касбӣ бо таҷрибаи зиёди кор" тавсиф карда, гуфтааст, ки ӯ Академияи дипломатии шаҳри Маскавро хатм карда, муддати тӯлоние дар ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон дар Афғонистону Узбакистон ва Туркия кор кардааст.

Имомиддин Сатторов зимни ин сафар бо шаҳрдори Екатеринбург Евгений Ройзман, ки бо ақидаҳои қавмгароёна ва зидди муҳоҷиронаш маъруф аст, низ мулоқот кардааст.

Бино ба ҳисобҳо, дар минтақаи Урали Русия беш аз 100 000 шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG