Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли як наварӯс дар Бағлон


Даҳҳо тан аз занони вилояти Бағлон бо баргузории тазоҳурот аз мақомоти Афғонистон хостанд, шавҳар ва қотили Сумайя, наварӯсеро пайдо карда ва ҷазо диҳанд. Сумайя дар рӯзи дуввуми арӯсиаш ба қатл расид.

Яке аз тазоҳургарон дар Бағлон гуфт: “Мехоҳем, ки гунаҳкорони ин ҷиноят, яъне наварӯсе,ки тавассути шавҳараш ба қатл расид, ба панҷаи қонун супурда шавад. Дигар дар муқобили ҳеҷ зани афғон, бахусус занони Бағлон хушунат намехоҳем.”

Тазоҳургарон, ки рӯзи 25-уми ноябр дар муқобили ҳукумати вилояти Бағлон ҷамъ омада буданд, баъди як соат бо судури қатъномаи шашмодаӣ ба тазоҳурот поён доданд, вале гуфтанд, агар мақомоти интизоми қотили Сумаяро пайдо карда ва ҷазо надиҳанд, тазоҳуроти густурдае баргузор мекунанд. Муҳаммад Қадим, муовини раиси вилояти Бағлон дар ҷамъи тазоҳургарон ваъда дод, ки қотили Сумайяи 18-сола ҷазои сазовор мегирад: “Тамоми ниҳодҳои кашфӣ вазифа гирифтаанд, ки омили ин ҷиноят дастгир шавад ва ба панҷаи қонун супурда шавад. Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки омили ин қатлро дастгир мекунем ва ба панҷаи қонун месупорем.”

Сумайяи 18-сола ҳафтае қабл бо яке аз ҳамдиёронаш арӯсӣ кард, вале ба гуфтаи мақомот ду рӯз баъд шавҳараш ӯро буғӣ ва ё нафасгир карда куштааст. Далел ва ангезаҳои ин қатлро эълон накардаанд, вале хешовандонаш гуфтаанд, ки домод арӯсашро барои он куштааст, ки падари ӯ аз волидони домод тӯёнаи бузург гирифтаанд. Тӯёнаи 300 ҳазор афғонӣ ва ё 5200 долларӣ, ки ба бовари иддае пули зиёде ҳаст, вале на он қадр, ки барояш инсони бегуноҳе кушта шавад.

XS
SM
MD
LG