Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангела Меркел Русияро сахт танқид кард


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, гуфт, Русия бо амалкардҳояш дар Украина қонунҳои байналмилалиро поймол мекунад ва барои субот дар Аврупо хатар эҷод мекунад. Ангела Меркел рӯзи 26-уми ноябр зимни суханронии бепардаву боз дар порлумони Олмон гуфт, «Ҳеҷ чизе ширкати ошкору пинҳони Русия дар даргириҳои Донетску Луҳанскро тавҷеҳ намекунад.» Ӯ ба вакилони порлумони кишвараш гуфт, «амалкардҳои Русия дар Украина сулҳу низом дар Аврупоро зери суол бурда ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст.» Вале гуфт, ӯ, ҳалли зуди масъала вуҷуд надорад ва «барои пушти сар кардани бӯҳрон сабру азм лозим аст.» Русия бо сарпечӣ аз талабҳои кишварҳои ғарбӣ барои қатъи дахолат дар умури Украина ва идомаи кӯмак ба ҷудоихоҳони тарафдораш дар шарқи Украина, Олмонро ноумеду асабонӣ кардааст. Муноқиша дар Украина, ба равобити наздики Русияву Олмон латма задааст.

XS
SM
MD
LG