Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 4 ҷангҷӯро куштанд


Мақомоти Покистон гуфтанд, дар зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ба як паноҳгоҳи ҷангҷӯён дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ дасти кам чаҳор нафари онҳо кушта шудаанд. Ба қавли мақомоти амниятӣ, ҳавопаймо қароргоҳи тундравонро дар шаҳри Дотахел 60 километр дуртар аз маркази маъмурии вилояти Вазиристони Шимолӣ ҳадаф гирифтааст. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Покистон, ду нафар дар натиҷаи ҳамла маҷрӯҳ шудаанд ва мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар шавад, чунки зери харобаҳо афроде мондаанд. Ин паноҳгоҳро ҷангҷӯёни вафодор ба ҷангсолор Гул Баҳодур ва шабакаи террористии Ҳаққонӣ истифода мекардаанд. Гуфта мешавад, ки бомбгузории маргталабонае, ки рӯзи 23-уми ноябр 57 нафарро дар мусобиқаи волейбол дар вилояти Пактикои Афғонистон кушт, кори дасти шабакаи Ҳаққонӣ будааст.

XS
SM
MD
LG