Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса интиқоли "Мистрал" ба Русияро ба таъхир андохт


Фаронса интиқоли киштии ҷангии навъи “Мистрал” ба Русияро то замони “огаҳии баъдӣ” ба таъхир андохтааст. Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 25-уми ноябр бо нашри як баёнияи катбӣ гуфт, “вазъи феълӣ дар шарқи Украина ҳанӯз иҷоза намедиҳад”, ки ду киштии навъи “Мистрал” ба Русия дода шавад. Қарор буд, аввалин киштӣ бо номи “Владивосток”-ро Фаронса охири моҳи октябр ва ё аввали ноябр ба Русия бидиҳад. Дуввумӣ бо номи “Севастопол” аввали ҳамин моҳ барои интиқол омода шуд ва қарор аст, аввали соли оянда дар ихтиёри Русия гузошта шавад. Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки “Дар сурати интиқол нашудани киштиҳо, Фаронса баҳои гароне мепардозад.” Юрий Борисов, муовини вазири дифои Русия ба телевизиони давлатии кишвар гуфт, ки “Фаронса бояд хисорот ва пули пешпардохтшуда барои киштиро баргардонад.” Ба гуфтаи таҳлилгарон, Фаронса зери фишори мутаҳҳидони ғарбиаш аст, ки киштиҳои пешрафтаи ҷангиро ба Русия надиҳад. Муносиботи кишварҳои ғарбӣ бо Русия бинобар амалкардҳои ин кишвар дар Украина сард шудааст.

XS
SM
MD
LG