Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ҷиян баъди шикаст дар дастхобонӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Имрӯз, додгохи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, як марди 53-соларо барои куштори ҷиянаш барои 13 сол равонаи зиндон кард.

Абдулмӯъмин Кабирзода, айбдоркунандаи давлатӣ дар ин парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, “таҳқиқи тафтишот ва додгоҳ маълум кард, ки Қутбуддин Ятимов ҷиянаш Насрулло Ятимови 36-соларо бо мушт мезанад, ки дар натиҷа дар замин афтида ва ба ҳалокат мерасад. Ба ин далел додгоҳ ӯро бо модаи 110 қисми 3 банди в (қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ) муҷрим шинохта ва ба 13 сол равонаи зиндон кард.”

Ҷаноби Кабирзода гуфт, “ин ду нафар дар аввал дар назди мардум ва ҳамсояҳо ба 50 сомонӣ барои қувваозмоии дастхобонӣ шарт мекунанд ва ҷиянаш Ятимов Насрулло амакашро мағлуб карда, 50 сомониро мегирад. Аз ин рӯ, Қутбиддин Ятимов худро дар назди ҳамсояҳо нороҳат эҳсос мекунад ва дар тангкӯчаи Заҳматободи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро поида, барқасдона бо мушт ба қисми рӯяш мезанад ва аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.”

Бо ин ҳол, интизор меравад, бар асоси қонуни афв дар Тоҷикистон, аз чор як ҳиссаи ҳукми Қутбиддин Ятимов кам шавад. Ятимов соли 1988 бо моддаи 154, қисми 2 – и Кодекси ҷиноӣ ба мӯҳлати 4 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

XS
SM
MD
LG