Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милош Земан дар Тоҷикистон


Милош Земан, раиси ҷумҳури Чех бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Раиси ҷумҳури Чехия, шоми дирӯз, сешанбеи 25 ноябр дар раъси як ҳайати баландпояи мақомоти ин кишвар вориди шаҳри Душанбе шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, Милош Земан, раиси ҷумҳури Чехияро, Давлаталӣ Саидов, муовини нахуствазири Тоҷикистон истиқбол кард. Ба ин тартиб тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷӣ, соати 10-и субҳ маросими расмии истиқболи Милош Земан, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар майдони назди “Қасри миллат” оғоз хоҳад шуд. Ба ин маросим, мақомоти баландпояи Тоҷикистону Чехия, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд. Пас аз маросими истиқбол мулоқотҳои як ба яки раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Чех, музокирот бо ҳузури ҳайтаҳои ҳар ду кишвар, имзои санадҳо ва изҳороти матбуотии сарони ҳар ду кишвар дар толори “Қасри Миллат” баргузор мешавад. Қарор аст, дар нимаи дуюми имрӯз, мулоқоти Милош Земан бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва баргузории Анҷумани соҳибкорону сармогузорони тоҷику чех дар назар аст. Ҳамчунин раиси ҷумҳури Чех фардо, панҷшанеби 27 ноябр дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлатдории тоҷикон дар майдони марказии шаҳри Душанбе гулчанбар гузошта ва бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон мулоқот хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG