Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Одамрабоӣ - манбаи асосии даромади гурӯҳҳои террористӣ


"Давлати исломӣ" дар Сурия асосан язидиҳоро гаравгон мегирифт
"Давлати исломӣ" дар Сурия асосан язидиҳоро гаравгон мегирифт

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” тайи як соли ахир аз раҳоии афроди гаравгон гирифтааш аз 35 то 45 миллион доллар ба даст овардааст. Дар ин бора коршинос оид ба таҳримҳо алайҳи шабакаи террористии “Ал-Қоида” Йотсн Лалҷӣ рӯзи душанбе дар нишасти Кумитаи Шӯрои амнияти СММ оид ба муқобила ба терроризм хабар дод.

Ба гуфтаи хонум Лалҷӣ, тайи солҳои 2004-2012 созмонҳои террористӣ аз “фурӯхтани”-и гаравгонҳо соҳиби тақрибан 120 миллион доллар шудаанд. Ӯ афзуд, ки солҳои ахир одамрабоӣ ба манбаи асосии даромади аъзои “Ал-Қоида” ва гурӯҳҳои наздик ба ин шабака табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG