Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Фергюсон, воқеъ дар аёлати Миссурии ИМА, баъди аз сӯи Ҳайати мунсифа сафед шудани корманди полисе, ки моҳи август навраси сиёҳпӯстро аз зарби тир кушта буд, бенизомиҳо сар заданд.

Афроди норозӣ аз ҳукм биноҳову мошинҳои полисро оташ зада, мағозаҳоро ғорат карданд. Дар канори шаҳри Сент-Луис, ки дар ҳамсоягии Фергюсон ҷойгир аст, садои тирандозӣ ба гӯш расид. Ҷон Белмар, раиси идораи полиси Фергюсон, рӯзи 25 ноябр ба хабарнигорон гуфт, ки эътирозгарон сӯи кормандони ҳифзи тартибот аз силоҳ оташ кушоданд ва аммо ба нафаре аз кормандони полис осеб нарасидааст. Ӯ афзуд, тақрибан 30 нафар аз афроде, ки дар хушунату ғорат даст доштанд, аз сӯи полис дастгир шудаанд.

Бенизомиҳо дар дигар шаҳрҳо - Ню-Йорк ва Лос-Андҷелес ҳам идома доранд. Аз ин пеш раисиҷумҳур Барак Обама аз афроди аз ҳукм норозӣ даъват кард, ки аз хушунат парҳез кунанд ва аз кормандони полис хост, ки сабур бошанд.

Эътирозҳо дар Ню-Йорк ҳам шурӯъ шуданд

Эътирозҳо дар Ню-Йорк ҳам шурӯъ шуданд

Ҳалокати навраси сиёҳпӯст Майкл Браун аз тири корманди полис Даррен Уилсон эътирозҳои густурдаеро ба бор овард, ки чанд рӯзи идома карданд. Шоми душанбе додситони шаҳри Фергюсон Роберт МакКалло дар як нишасти хабарӣ изҳор намуд, аъзои ҳайати мунсифа баъд аз омӯзиши мӯшикофоани парванда ба натиҷае расиданд, ки Уилсон ба хотири дифоъ аз худ сӯи ҷавони сиёҳпӯст тир андохтааст.

Корманди полис ба муфаттишон гуфтааст, ӯ барои он аз силоҳ истифода кард, ки дар рафтори Браун барои ҷони худ таҳдидро эҳсос намуд. Аммо хонаводаи Браун мутмаин аст, ки корманди полис Майклро бидуни далел ҳадафи тир қарор додааст. Қаблан шоҳидон ҳам гуфта буданд, Браун дар ҳоле кушта шуд, ки дастҳояшро боло бардошта ва омодаи таслим шудан буд. Колбадшикофӣ собит кард, ки наврас аз шаш тир, аз ҷумла, ду тири ба сараш андохта кушта шудааст.

Дар арафаи эълони ҳукми Ҳайати мунсифа чораҳои амниятӣ дар Фергюсон тақвият бахшида шуданд, волии аёлати Миссури дар шаҳр вазъи фавқулодда эълон кард. Дар чаҳорчӯби ин тасмим мақомоти аёлат дар сурати зарурӣ барои таъмини тартибот метавонанд нерӯҳои Горди Миллии ИМА-ро сафарбар кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG