Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркише дар Кобул шаш сарбози афғон ҷароҳат бардошт


Таркиши минаи сарироҳӣ дар шаҳри Кобул мунҷар ба ҷароҳат бардоштани дасти кам шаш сарбози афғон шуд. Ҳашман Станакзай, сухангӯи раиси полиси шаҳри Кобул гуфт, ҳадафи таркиш, ки субҳи рӯзи сешанбе, 25 ноябр рӯй дод, микроавтобуси Артиши миллии Афғонистон буд.

Соате баъд аз ин ҳодиса дар як бино дар Кобул таркиши мудҳиш рӯй дод. Ба гуфтаи раиси полиси вилояти Кобул генерал Муҳаммад Зоҳир, дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст. Сабаби таркиши дуввум то ҳол маълум нест.

Масъулити таркиши микроавтобус бо сарбозони ҳукуматиро ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт.

Дар ҳоле, ки нерӯҳои байнулмилалӣ баъди 13 соли ҳузур дар Афғонистон барои тарки ин кишвар омодагӣ мегиранд, ҳамлаҳову бомгузориҳои “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои исломӣ дар шаҳри Кобул афзоиш меёбанд. Рӯзи душанбе бар асари таркиш дар пойтахт ду тан аз сарбозони амрикоӣ ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG