Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо 3 медал дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё 25-ум шуд


Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо се медал дар байни 43 даста дар мақоми 25-ум қарор гирифт.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки аз 14-ум то 23-юми ноябр дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ширкати варзишгарони 43 кишвари баргузор шуд, бо касби се медал (як тилло ва ду биринҷӣ) дар зинаи 25-ум ҷойгир шуд.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 19 варзишгар (15 мард ва 4 зан) дар 6 намуд – самбо (2 мард), ҷиу-ҷитсу (3 мард ва 1 зан), гуштии кураш (4 мард), волейболи соҳилӣ (2 мард ва 2 зан), варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ, 1 мард) ва муайтай (3 мард ва 1 зан) намояндагӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар сабқати гуштии кураш дар вазни беш аз 90 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Икромиддин Аҳмадӣ аз Афғонистон ғолиб омад ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар ин намуд дар вазни то 90 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Медали севумро ба Тоҷикистон Ҷомӣ Латифов овард. Вай дар риштаи муайтай дар вазни 71 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Вале варзишгарони тоҷик дар намудҳои самбо, ҷиу-ҷитсу, волейболи соҳилӣ ва варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ) бе медал монданд.

Ба ин тартиб, дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мунтахаби Тайланд бо касби 126 медал, аз он ҷумла 56 нишони тилло, 37 медали нуқра ва 33 нишони биринҷӣ ҷойи аввалро азони худ кард. Мунтахаби Чин бо касби 48 медал (16 тилло, 11 нуқра ва 21 биринҷӣ) дар ҷойи дувум қарор гирифт. Варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ, ки 37 медал (9 тилло, 14 нуқра ва 14 биринҷӣ) ба даст оварданд, севум шуданд.

Умуман, варзишгарони 38 кишвар медалҳои бозиҳоро соҳиб гаштанд ва намояндагони 26 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Тоҷикистон бо се медал – як тилло ва ду биринҷӣ - дар ҷойи 25-ум қарор гирифт.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, варзишгарони Қазоқистон 27 медал (8 тилло, 9 нуқра ва 10 биринҷӣ), Узбакистон 10 медал (4+0+6), Туркманистон 11 медал (1+3+7) ва Қирғизистон 6 медал (0+3+3) ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG