Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ: "Дар музокирот пешрафтҳои воқеӣ ҳосил шуд"


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, дар музокироти атомии чанд рӯзи гузашта бо Эрон дар шаҳри Вена «пешрафтҳои воқеъӣ ва чашмгир» ҳосил шудааст. Вале гуфт, ӯ «баъзе аз ихтилофоти амиқи назар» боқӣ мондааст. Ҷон Керрӣ рӯзи 24-уми ноябр дар нишасти хабарӣ дар Вена гуфт, ҳоло фурсати он нест, ки аз музокирот бо Эрон даст кашанд ва ин гуфтӯгуҳо ҳамчунон «сахт» мемонанд. Вазири умури хориҷии Амрико аз конгресси кишвараш хост, иҷоза бидиҳанд, ки музокирот бо Эрон тамдид шавад. Баъди ҳосил нашудани созиш дар музокироти атомӣ бо Эрон ин кишвар ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ба мувофиқа расидаанд, ки музокирот то рӯзи 1-уми соли 2015 идома кунад. Қарор буд, тарафҳо то рӯзи 24-уми ноябр ба созиш дар бораи барномаҳои атомии Эрон даст, ёбанд, вале ин кор ба онҳо муяссар нашуд.

XS
SM
MD
LG