Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби фаронсавӣ аз бонки русӣ қарз гирифтааст


Ҷабҳаи Миллӣ, як ҳизби ростгарои Фаронса ба раҳбарии Марин Ли Пен, гуфт, ки аз як бонки русӣ 9 миллион евро қарз гирифтааст. Валлерланд де Саинт Ҷаст, хазинадори ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарордод дар бораи гирифтани қарз бо Бонки аввалини Русия ва Чехия, моҳи сентябр имзо шудааст. Ин бонк дар Маскав сабти ном шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Ҷабҳаи Миллӣ барои маблағгузории корзори интихоботиаш дар соли 2017 ба пули зиёд эҳтиёҷ дорад. Саинт Ҷаст афзуд, ки ҳизби онҳо барои маъракаи интихоботи порлумонии оянда ба 40 миллион евро эҳтиёҷ доштааст. Ба гуфтаи ӯ, баъди онки бонкҳои аврупоӣ, дархости онҳо барои қарзро рад кард, Ҷабҳаи Миллӣ ба бонки русӣ муроҷиат кардааст ва то кунун 2 миллион евро ба даст овардааст. Аҳзоби ростгарои Аврупо дар баробари интиқодҳо аз амалкардҳои Русия тарафи ин кишварро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG