Пайвандҳои дастрасӣ

Садамаи пурқурбонӣ дар Восеъ


Бар асари бархӯрди як мошини боркаш ба мошини сабукрав дар ҳудуди ноҳияи Восеъ 5 нафар ба ҳалокат расидааст. Тавре аз Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ин ҳодиса соатҳои 10-и рӯзи гузашта, 23-уми ноябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб, "мошини боркаши тамғаи “Хова”, рақами давлатиаш 6454 АК03, ки ба шаҳрванд Почоқулов Бобоҷон, соли таваллудаш 1984 тааллуқ доштааст, қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карда, ба мошини сабурави тамғаи “Опел Астра”, рақами давлатиаш 6020АК03 бармехӯрад, ки дар пайи ин ронандаи мошини сабукрав Иброҳимов Нозим, соли таваллудаш 1983 бо чор мусофираш се зан ва як мард ба ҳалокат мерасанд."

Масъулони БДА мегӯянд, бархӯрди мошини боркаш то ҳаде сахт будааст, ки мусофирони мошини сабукрав дар ҷои ҳодиса ҳалок шудаанд. Аммо ронандаи мошини боркаш осеби ҷиддие надида, ҳоло мавриди бозпурсӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG