Пайвандҳои дастрасӣ

Ғолибони дувумин мусобиқаи Ҷоми «Вастан» дар Душанбе


Дувумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо миёни наврасон барои Ҷоми «Вастан», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, шоми якшанбеи 23-юми ноябр ба анҷом расид.

Дар дувумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо миёни наврасон барои Ҷоми «Вастан», ки рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор шуд, 355 гуштигири солҳои таваллудашон 1997-1999 аз Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Узбакистон ва Эрон ширкат доштанд.

Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии Вастан, ба паҳлавонони наврас комёбиҳо орзу карданд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн сурат гирифт. Дар 6 вазн паҳлавонони тоҷик ва дар 3 вазн меҳмонон - гуштигирони навраси Қирғизистон, Озарбойҷон ва Русия - ҷойҳои аввалро соҳиб гаштанд.

Варзишгарони тоҷик аз ҳама бештар - 6 медали тилло, 7 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ - гирифтанд. Гуштигирони Озарбойҷон як медали тилло ва 2 медали нуқра, Қирғизистон як медали тилло ва як нуқра, Русия як медали тилло ва як биринҷӣ, Беларус ва Узбакистон яктоӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ғолибону барандагони ҷойҳои дувуму севум бо медалу дипломҳо ва ҷоизаҳои молӣ ( барои ҷойҳои аввал 300 доллар, барои ҷойҳои дувум 200 доллар ва барои ҷойҳои севум 100 доллар) мукофотонида шуданд.

Нуралӣ Шарифов, раиси Бошгоҳи варзишии “Вастан”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мақсади мо аз гузаронидани ин мусобиқа кашфи варзишгарони ҷавону умедбахш аст, ки дар оянда дар арсаи ҷаҳон номбардори миллату Тоҷикистон шаванд. Дар оянда талош мекунем, ки ин мусобиқаро ба мусобиқаи байналмилалӣ табдил дода, шумораи кишварҳои ширкаткунандаро бештар намоем.”

Ҳамсуҳбати дигари мо Айзат Қайдаралиева, довари дараҷаи байналмилалӣ аз Қирғизистон, иброз дошт, ки “ин мусобиқа дар сатҳи баланд баргузор шуд. Мо аз мизбонон, бахусус, раҳбари Клуби варзишии “Вастан” Нуралӣ Шарифов, ки барои варзишгарону мураббиён, доварон ва раҳбарони ҳайатҳои варзишии кишварҳои ширкаткунандаи мусобиқа тамоми шароити заруриро муҳайё карданд, сипосгузорем. Сардовари мусобиқа Рамзӣ Шамиров, ки аз Тоҷикистон нахустин шуда ба унвони довари дараҷаи байналмилалӣ мушарраф шудааст, тавонист кори доваронро хуб ба роҳ монад. Бинобар ин дар муаяйн кардани ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ба беадолатӣ роҳ дода нашуд. Умедворем, ки ин мусобиқа дар рушди дзюдо миёни наврасону ҷавонон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ, саҳми муносиб мегузорад.”

Ғолибону ҷоизадорони дувумин мусобиқаи кушодаи Ҷоми «Вастан»:

Вазни то 46 кг

1. Паймони Асадулло (Тоҷикистон).
2.Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон).
3. Имоммаҳдӣ Охонзода (Тоҷикистон).
3. Саидислом Назриев (Тоҷикистон).

Вазни то 50 кг

1. Фирдавс Назаров (Тоҷикистон).

2. Абубакри Зиёвиддин (Тоҷикистон).

3. Муҳаммадраҳим Сарахонов (Тоҷикистон).

3. Абдураҳмон Шоев (Тоҷикистон).


Вазни то 55 кг

1. Сагинбай уулу Бауман (Қирғизистон).
2. Наврӯз Зайдуллоев (Тоҷикистон).
3. Довуд Шарифов (Тоҷикистон).
3. Дидоралӣ Азизуллоев (Тоҷикистон).

Вазни то 60 кг

1. Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон).

2. Тарлан Муродлӣ (Озарбойҷон).

3. Сарбоз Доронов (Тоҷикистон).

3. Никита Барсевич (Беларус).

Вазни то 66 кг

1. Салман Рамихудоев (Тоҷикистон).
2. Фарҳоди Раҳматулло (Тоҷикистон).
3. Илҳомҷон Ҳофиззода (Тоҷикистон).
3. Эраҷ Абдуллоев (Тоҷикистон).

Вазни то 73 кг

1. Самир Агаев (Озарбойҷон).

2. Саидмуъмин Алиев (Тоҷикистон).

3. Меҳрубон Идрисов (Тоҷикистон).

3. Хурсандмурод Раҳматов (Тоҷикистон).

Вазни то 81 кг

1. Станислав Слепухин (Русия).
2. Наим Ҳусейнов (Озарбойҷон).
3. Аминҷон Ғафуров (Тоҷикистон).
3. Эмом Камолов (Тоҷикистон).

Вазни то 90 кг

1. Ҳоҷимашраб Раҳмонов (Тоҷикистон).

2. Муҳаммадризо Қурбонов (Тоҷикистон).

3. Мурод Қурбонисмоилов (Русия).

3. Шакар Мирмаҳмадов (Тоҷикистон).

Вазни +90 кг

1. Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон).
2. Элман Абдукаримов (Қирғизистон).
3. Иброҳим Тоҷиев (Узбакистон).
3. Алёш Гулмамадов (Тоҷикистон).

XS
SM
MD
LG