Пайвандҳои дастрасӣ

Русия солона 140 миллиард доллар зиён мебинад


Вазири молияи Русия гуфт, кишвараш дар натиҷаи таҳримоти кишварҳои ғарбӣ солона тақрибан 40 миллиард доллар зиён мебинад. Антон Силуанов рӯзи 23-уми ноябр гуфт, «Мо солона бар асари таҳримоти геополитикӣ 40 миллиард доллар ва бар асари коҳиши 30 дар сади қимати нафт аз 90 то 100 миллиард доллар зарар мебинем". Бинобар амалкардҳои Русия дар шарқи Украина ва ба қаламраваш ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико моҳи март алайҳи Русия таҳримоти иқтисодӣ эъмол карданд. Ин таҳримот бар изофаи коҳиши босуръати қимати нафт, қурби рубли русиро тақрибан 30 дар сад поин овард.

XS
SM
MD
LG