Пайвандҳои дастрасӣ

Тамдиди музокирот бо Эрон баррасӣ мешавад


То анҷоми музокироти атомии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Вена идома дорад, чанд соати дигар боқӣ мондааст. Мақомот мегӯянд, мумкин аст, тарафҳо то нимашаб ба имзои созиши дарозмуддат дар бораи барномаҳои атомии Эрон ноил нашаванд. Бар асоси ин созиш Эрон бояд фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад ва дар иваз таҳримоти нафасгиркунандаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо зидди Эрон аз байн бардошта шавад. Нуктаи муҳим дар созишнома ҳаҷму миқёси фаъолиятҳои ғанисозии ураниум дар Эрон аст. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, ба Муҳаммад Ҷавод Зариф, ҳамтои эронии худ рӯзи 23-уми ноябр пешниҳод кардааст, ки ду тараф дар бораи тамдид кардани мӯҳлати музокирот сӯҳбат кунанд. Бар тибқи тавофуқ, созиши атомӣ бо Эрон бояд то рӯзи 24-уми ноябр имзо шавад. Мақомоти Эрон ҳам гуфтаанд, ки масъалаи тамдиди мӯҳлат дар музокирот баррасӣ шудааст. Айни замон дипломатҳои эронӣ гуфтаанд, ки дар сурати бенатиҷа анҷом ёфтани музокирот шояд барои кӯмакҳои иқтисодиву дипломатӣ ба Чину Русия муроҷиат кунанд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи 23-уми ноябр ба Маскав омад ва бо Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфтӯгу кард. Ванг Йи, вазири умури хориҷии Чин рӯзи 24-уми ноябр барои пайвастан ба музокирот ба Вена меояд. Филип Ҳаммонд, вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, ки тарафҳо рӯзи 24-уми ноябр сахт саъю кӯшиш мекӯнанд, то ба тавофуқ бирасанд.

XS
SM
MD
LG