Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 ҳазор сомонӣ ҷоиза барои рӯзноманигорони Суғд


Субҳи рӯзи душанбе ба 27 нафар рӯзноманигорони расонаҳои чопӣ, телевизион ва радиоҳои давлативу ғайридавлатӣ дар вилояти Суғд ҷоизаҳои раиси вилоят, иборат аз сипоснома ва ҷоизаҳои пулӣ, аз 7 ҳазор то 1.5 ҳазор сомонӣ барои маводҳои беҳтарин тақдим карда шуд. Маросими супурдани ҷоизаҳо дар толори хурди Кохи Рӯдакӣ бо иштироки раисони вилояту шаҳри Хуҷанд ва гурӯҳи бузурги хабарнигорон гирифт.

Рӯзноманигорони мустақил, аз ҷумла Неъматуллоҳи Мирсаид, Тилав Расулзода ва Хуршеда Содиқова ва хабарнигорони нашрияҳову телевизион ва радиоҳои мустақил ва давлатии ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву шаҳрӣ, Ҷовид Ниёзӣ ва Дилрабо Анорқулова (телевизони СТВ), Равзалӣ Амонов (хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар Хуҷанд), Муҳаббат Муродова (телевизиони СМ - 1), Афзал Босолиев (телевизиони Азия) соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Ҷоизаҳои пулӣ барои беҳтарин гузоришҳои телевизионӣ аз 3 то 7 ҳазор сомонӣ, барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ва барои мақолаву гузоришҳои радиоӣ аз якуним то панҷ ҳазор сомониро ташкил медод. Ҳамчунин ба 5 рӯзноманигори фаъол ҷоизаҳои пулии ҳавасмандгардонӣ ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом, супурда шуд.

Ин озмун байни рӯзноманигорони вилояти Суғд моҳи январи соли равон аз ҷониби Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба хотири дилгарм кардани рӯзноманигорон ба фаъолиятикасбии худ эълон шуда буд. Бозтоби масъалаву мушкилоти муҳим ва доғи рӯз, таҳлил аз нигоҳи пешрати ҷомеа ва беҳбуди зиндагии сокинон, дарёфти камбудиву нуқсонҳо ва пешниҳодҳо барои ислоҳи онҳо, аз шартҳои аслии ин озмун буд. Озмун аз сӯи ҳакамон, иборат аз гурӯҳи рӯзноманигорон ҷамъбаст гардид. А. Қодирӣ дар маросими тақдими ҷоизаҳо гуфт, дар матлабҳое, ки муаллифон ба озмун пешниҳод кардаву ҷоиза ба даст оварданд, 3 шарти аслие, ки талаб мешуд -- иншои бидуни супориш, ғараз ва тамаъ ба сурати умум риоят шудааст. Вай афзуд, ин озмун соли оянда низ баргузор хоҳад шуд ва барои барандагон ҷоизаҳои аз 100 то 150 ҳазор сомонӣ дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG