Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон қонун барои аъмоли муздуриро шадидтар мекунад


Додситонии Қирғизистон гуфтааст, ки зарурати шадидтар кардани ҷазо барои сафарбар кардани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои гуногуни тандгаро пеш омадааст, зеро вақтҳои охир ин раванд бештар шудааст.

Латип Жумабаев-намояндаи додситонӣ ба матбуот гуфтааст, бо вуҷуди ин ки дар қонуни ҷиноии Қирғизистон як модда дар бораи муздурӣ вуҷуд дорад, вале он тақрибан амал намекунад.

Жумабаев мегӯяд, ки барои узвият дар гурӯҳҳои тундрав низ бояд муҷозоти шадидтар пешбинӣ шавад, ба хусус барои ононе ки ба Сурия рафтаанд. Ҳоло бино ба ҳисобҳои тақрибӣ, аз ин кишвар аз 150 то 300 нафар шаҳрвандон ба Сурия рафтаанд.

Дар қонунҳои мавҷудаи Қирғизистон гуфта мешавад, ки гирифтани подошҳои пулӣ барои муздурӣ бояд исбот шавад, вале дар шароити кунунӣ исботи он барои фаъолиятҳои муздурӣ хеле душвор аст.

XS
SM
MD
LG