Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зилзилаи ғарби Чин 4 нафар ба ҳалокат расид


Бино ба гузоришҳои расида аз ғарби Чин, дар ин минтақаи кӯҳистонии аҳолинишин зилзилаи шадид рух додааст ва дастикам 4 нафар кушта, 54 нафари дигар маҷруҳ шудааст, ки 42 нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ин кӯдакон ҳангоми фурӯ рехтани боми мактаб натавонистаанд ба берун фирор кунанд.

Шиддати ин зилзила 5,9 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст ва дар 30 километрии Кангдинги вилояти Сичуон ба вуқуъ пайвастааст.

Вале Ожонси зилзилашиносии Чин шаддати ин зилзиларо 6,3 дараҷа эълон кардааст. Мақомоти маҳаллии Сичуон мегӯянд, ки дар маҷмуъ 30 хона комилан хароб шудааст ва 2630 хонаи дигар осеб дидааст.

Соли 2008 низ дар ин минтақа ба шиддати 7,9 дараҷа зилзила рух дода буд ва дар он тақрибан 90 ҳазор нафар ҷон доданд. Аксари онҳо зери боми хонаҳову кӯдакистонҳо ва мактабҳо монда буданд.

XS
SM
MD
LG