Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селоб ба минтақаҳои ғарбии аёлати Нию Йорк таҳдид мекунад


Бориши барфи зиёд дар ғарби аёлати Нию Йорк шаҳракҳоро тақрибан зери барф гузошт ва 14 нафар ба ҳалокат расидаанд. Вале акнун баин минтақа хатари ҷорӣ шудани селоб таҳдид мекунад, зеро бар асоси пешгӯии ҳавошиносон 23 ноябр ҳарорати ҳаво боло меравад ва барф якбора об мешавад.

Дар давоми бориши 4 рӯзи ахир баландии барф дар баъзе ҷойҳо ба 2 метр расидааст ва дар ҳамин минтақаҳо хатари селоб бештар аст.

Бештар аз 600 ҳазор нафар аҳолие, ки дар ин минтақаҳо ба сар мебаранд, дар давоми 4 рӯз натавонистанд аз хонаҳои худ берун раванд, зеро барфи зиёд паси дарҳои онҳоро пур карда буд ва имкон намедод, ки онҳо дарҳои худро боз кунанд.

Мақомот аз аҳолӣ хостаанд, ки обарвҳоро пок кунанд ва дороии арзишманди худро аз хонаҳо ва азтаҳхонаҳояшон ба ҷойҳои амн бибаранд.

Бориши борон низ дар назар аст ва ба ин тартиб барфи рӯи бомҳое, ки пок накардаанд, вазнинтар мешавад ва хатари дигар ба бор меорад.

XS
SM
MD
LG