Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чину Тоҷикистон амалиёти зидди қочоқи фаромарзӣ анҷом доданд


Дар амалиёти зидди қочоки маводи мухаддир, ки Чину Тоҷикистон ба таври муштарак анҷом додаанд, 38 нафар қочоқбарони гумонар боздошт шуданд. Ин амалиёт 27 октябр шурӯъ шудааст ва 21 ноябр ба поён расидааст. Дар ин бора матбуот хабар додааст.

Дар ин амалиёт 181 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки ба он ҳероин, тарёк, марихуана ва метамфетамин дохил мешавад. Ситоди ин амалиёти муштарак дар шаҳри Урумчии Чин-маркази вилояти мухтори Шинҷону Уйғур ҷой гирифта буд.

Дар соли 2013 дар Шинҷону Уйғур барои қочоқи маводи мухаддир 2047 парванда боз карданд. 2348 нафар боздошт шудаанд ва 2510 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Ванг Ганг-мақоми расмии Чин гуфтааст, ки дар ин амалиёт аз ҷониби Чин ва Тоҷикистон бештар аз 5 000 кормандони пулис ширкат кардаанд. Бори аввал ин ду кишвар чунин амалиёти фаромарзӣ анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG