Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон хостори таҳкими муносибот бо Тоҷикистон шуд


Навоз Шариф

Навоз Шариф

Навоз Шариф-нахуствазири Покистон хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии кишвараш бо Тоҷикистон шуд. Вай гуфт, тарҳҳои бузурге аз қабили CASA-1000, TAPI Gas Pipeline ё лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон ( ТАПҲ) ба яке аз бозиҳои геополитикии минтақа ва ҳамгароии иқтисодӣ табдил хоҳад шуд.

Вай ин нуктаро дар ҷараёни мулоқоташ бо Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар Исломобод изҳор дошт. Ин давоми мулоқоти моҳи июни соли ҷорӣ бо нахуствазири Покистон ба шумор меравад.

Матбуоти Покистон хабар додааст, ки Навоз Шариф хостори таҳкими бештари муносибот бо Тоҷикистон шудааст ва гуфтааст, ки ин ду кишар бояд барои ташвиқи ҷаҳонгардӣ, аз ҷумла табодули сафарҳои мунтазами ҳайатҳои фарҳангӣ аз кишварҳои якдигар барномаҳое рӯи даст бигиранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG