Пайвандҳои дастрасӣ

Русия нозирони худро ба интихоботи Узбакистон мефиристад


Russia -- Central Electoral Commision's information center, Moscow, 04Dec2011

Russia -- Central Electoral Commision's information center, Moscow, 04Dec2011

Кумиссиюни марказии интихоботии Русия эълон кардааст, ки нозирони худро барои назорат бар ҷараёни интихоботи порламонии 21 декабри соли ҷории Узбакистон хоҳад фиристод.

Дар ин бора матбуот аз қавли кумиссиюни мазкур хабар додааст. Ин кумиссиюн гуфтааст, ки “гурӯҳи нозиронро барои назорат бар интихоботи порламонии Узбакистон дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва бо дархости Узбакистон бар асоси тавофуқоти дуҷониба омода кардааст”.

Ахиран Кумиссиюни марказии интихоботии Русия хабар дода буд, ки ҳамин гуна як гурӯҳро барои назорат бар ҷараёни интихоботи порламонии Молдова омода кардааст. Ин интихобот 30 ноябр баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG