Пайвандҳои дастрасӣ

Жанар Дугалова барандаи озмуни туркзабонон шуд


Жанар Дугалова дар байн

Жанар Дугалова дар байн

Дар даври ниҳоии озмуни байналмиллалии телевизионии "Turkvision-2014", ки дар шаҳри Қазони Тотористон шоми ҷумъа баргузор шуд, Жанар Дугалова-овозхони Қазоқистон баранда эълон шуд.

Дар ин озмун ҳунармадон бо ороишоти гуногун, аз ҷумла бо ниқобҳои гургу ҳайвоноти дигар ширкат доштанд. Ҳатто яке аз ширкаткунандагон 37 кило ороишоти гуногун ба худ овехта буд.

Вале дар поёни озмун доварон пирузиро ба Жанар доданд. Вай бо садои хуб ва иҷрои маъмулӣ қалби ҳаводоронро тасхир кард.

Дар озмуни соли ҷорӣ барои дарёфти “садои тиллои”-и туркзабонон 24 овозхон аз Туркияву Қазоқистон, Озарбойҷону Қирғизистон, Узбакистону Тува, Бошқирдистону Туркманистон, Гурҷистону Молдова, Украинаву Македония, Боснияву Ҳерзеговина, Русия ва кишварҳои дигар ширкат доштанд.

Бо озмуни "Turkvision-2014" соли фарҳанги кишварҳои туркзабон дар Қазон ба поён расид. Дар поёни ин озмун эълон карданд, ки соли 2015 шаҳри Марви Туркманистон пойтахти фарҳангиии кишварҳои туркзабон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG