Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон пулисро ба хориҷи кишвар фиристода метавонад


Нируҳои пулиси Қирғизистон

Нируҳои пулиси Қирғизистон

Ҳукумати Қирғизистон ҳуқуқ пайдо кард, ки воҳидҳои пулисро барои ширкат дар амалиёти нируҳои ҳомии сулҳ ба хориҷ аз кишвар бифиристад. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба матбуот хабар додааст.

Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳур гуфтааст, ки ин тағирот ба қонун “Дар бораи тартиби ширкати Қирғизистон дар фаъолиятҳои байналмилллалӣ барои ҳимоят аз сулҳу амният” ворид карда шудааст.

Қонуни мазкурро Жогорку Кенеш ё порламони Қирғизистон 16 окбяр ба тасвиб расонда буд. Ҳадафи ин қонун муайян кардани тартиби фиристодани нируҳои пулис ба хориҷ аз кишвар ва ширкати онҳо дар амалиёти сулҳҷӯёнаи СММ мебошад.

XS
SM
MD
LG