Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Карзай дар бораи терроризми минтақа


Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури пешини Афғонистон дар ҳамоише дар Деҳлӣ гуфт, ки кишвараш иҷоза нахоҳад дод, то сарзамини он барои ҷанги миёни Ҳиндустону Покистон истифода шавад. Вай зимни суханони худ дар ҳамоиши сиёсатмадорон, дипломатҳо ва раҳбарони доираҳои тиҷоратӣ аз Ҳиндустону Чин ва ҳамчунин аз Русия хост, ки барои мубориза бо терроризм дар Афғонистон талоши муштарак ба харҷ диҳанд.

Ин ҳамоишро рӯзномаи “Hindustan Times” созмон додааст. Карзай дар ҳамоиши 21 ноябр гуфт, ки терроризм “хориҷ аз марзҳои Афғонистон ҳимоят ва ҷонибдорӣ мешавад”. Ҳомид Карзай бо ишора ба Покистон гуфт, ки “терроризм ба унвони асбоби сиёсати хориҷӣ ба бумеранг табдил шудааст”.

Карзай дар давоми 12 соли раёсати ҷумҳуриаш 20 бор аз Покистон боздид кардааст ва пайваста дар бораи ҳимояти хориҷии терроризм сӯҳбат ва дар ин сӯҳбатҳо ба Покистон ишора кардааст.

XS
SM
MD
LG