Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ ва Зариф талошҳоро барои созиш бештар карданд


Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ва Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон охирин талошҳои худро ба харҷ медиҳанд, то 22 ноябр дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон созишномаи доимӣ ба даст ояд. Дар музокироти шабона бо ширкати мақомоти расмии ҳар ду ҷониб барои созиш пешниҳодҳои нав матраҳ шуд.

Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷаволд Зариф ба ин хулоса расиданд, ки ҳар ду дар Вена бимонанд ва дар мулоқоти рӯ ба рӯ 22 ноябр ба тавофуқ бирасан. Ин тавофуқ пеш аз поёни мӯҳлати ниҳоии созишномаи кунунӣ бояд ҳосил шавад.

Эрик Шултс-сухангӯи Кохи Сафеди Амрико гуфт, музокиракунандагон «беш аз ҳад» кор мекунанд, то битавонанд то поёни мӯҳлат ба созиш расанд. Сергей Рябков-муовини вазири корҳои хориҷаи Русия субҳи 22 неоябр гуфт, ки музокиракунандагон намехоҳанд ҳатто як соатро аз даст диҳанд.

Ба гуфтаи вай, «агар ба аъзои ягон ҳайат машваратҳои иловагӣ зарур бошад, шарт нест, ки онҳо ба пойтахти кишварашон баргарданд». Вай афзуд, Дар Вена боқӣ мондани Ҷон Керрӣ ва Ҷавод Зариф нишонаи он аст, ки мумкин аст комёбӣ ба даст ояд, агар ҳар яке аз ҷонибҳо ба истиқболи якдигар раванд.

XS
SM
MD
LG