Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷомӣ Латифов дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки дар Тайланд ҷараён доранд, дар риштаи муайтай медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ширкати варзишгарони 43 кишвари қора то рӯзи 23-юми ноябр идома меёбанд, Ҷомӣ Латифов, варзишгари тоҷик, дар риштаи муайтай барандаи медали биринҷӣ гардид.

Вай, ки дар вазни 71 кг дар даври чорякниҳоӣ бар Муҳаммадбердӣ Равшановаз Туркманистон бо ҳисоби 5-0 пирӯз шуда буд, 21-уми ноябр дар даври ниманиҳоӣ аз Паттанафанг Суричай (Тайланд) мағлуб гашт ва барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Ин медали севуми Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор меравад.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 21 варзишгар (17 мард ва 4 зан) дар 7 намуд – самбо (2 мард), ҷиу-ҷитсу (3 мард ва 1 зан), гуштии кураш (4 мард), волейболи соҳилӣ (2 мард ва 2 зан), варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ, 1 мард), муайтай (3 мард ва 1 зан) ва бодибилдинг (2 мард) намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар сабқати гуштии кураш дар вазни беш аз 90 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Икромиддин Аҳмадӣ аз Афғонистон ғолиб омад ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар ин намуд дар вазни то 90 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Вале варзишгарони тоҷик дар намудҳои самбо, ҷиу-ҷитсу, волейболи соҳилӣ ва варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ) бе медал монданд.

Дар сабқати муайтай варзишгарони дигари тоҷик -Сарвиноз Розибекова (51 кг), Бегиҷон Имомов(67 кг) ва Муҳаммадалиҷон Чақалов(81 кг) - дар даври чорякниҳоӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Инчунин, намояндаи Тоҷикистон Азизҷон Қосимов дар ҷаҳидан ба дарозӣ бо натиҷаи 5 метру 10 сантиметр дар байни 9 нафар дар мақоми охирин қарор гирифт. Ин натиҷаи нишондодаи ӯ нисбат ба ғолиби бозиҳо Субҳон Тоҳирхонӣ аз Эрон 2 метру 18 сантиметр камтар аст.

Рӯзи 21-уми ноябр дастаи занонаи волейболи соҳилии Тоҷикистон пас аз се бохт ба тимҳои Тайланд, Ҷопон ва Чин аз тими Қазоқистон низбо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Рӯзи 22-юми ноябр ду варзишгари тоҷик -Хуршед Толибов ва Фирдавс Дӯстов - дар риштаи бодибилдинг рақобат мекунанд.

Ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мунтахаби Тайланд бо касби 104 медал, аз он ҷумла 41 нишони тилло, 31 медали нуқра ва 32 нишони биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Чин бо касби 44 медал (15 тилло, 10 нуқра ва 19 биринҷӣ) дар ҷойи дувум қарор дорад. Варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ, ки 30 медал (7 тилло, 12 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба даст овардаанд, дар мақоми севум мебошанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби се медал (як тилло ва ду биринҷӣ) мақоми 25-умро касб кардааст.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 36 кишвар медалҳои бозиҳоро соҳиб шудаанд ва намояндагони 26 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф гаштаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Қазоқистон 19 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ), Узбакистон 8 медал (2+0+6), Туркманистон 11 медал (1+3+7), Тоҷикистон 3 медал (1+0+2) ва Қирғизистон 5 медал (0+2+3) ба даст овардаанд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG