Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: ИМА илҳоқи Қрим ба Русияро эътироф нахоҳад кард


Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 21 ноябр гуфт, ки талошҳои бознигарии марзҳои Аврупо аз тариқи зӯр ва мудохилаи низомӣ ғайриқобили қабул аст. Дар нишасти хабарии муштарак бо раисиҷюумҳури Украина Петро Порошенко дар Киев Ҷо Байден изҳор намуд, ки Вошингтон илҳоқи нимҷазираи Қрим ба Русияро эътироф нахоҳад кард.

Муовини раисиҷумҳури Амрико афзуд, агар Маскав ӯҳдадориҳояш аз рӯи созғиши Минскро риоя кунад ва ба якпорчагии Украина арҷ гузорад, Амрико омода аст ба баррасии таҳримҳои алайҳи Маскав эълоншуда пардозад.

Ҷо Байден, дар ҳоле дар Киев бо раҳбарони Украина мулоқот кард, ки дар хиёбонҳо аввалин солгарди эътирозҳо алайҳи режими русгаро таҷлил шуд. Ӯ дар сӯҳбатҳо бо раисиҷумҳур Петро Порошенко ва нахуствазир Арсений Ятсенюк аз афзоиши кӯмакҳои ғайринизомии Амрико ба Украина, аз ҷумла, ироаи мошинҳои ҳарҷогард аз захираи Пентагон ва радарҳо хабар дод. Аз ин пеш ИМА ба Украина ба маблағи 53 миллион доллар кӯмаки низомиву техникӣ карда буд, ки асосан аз мошинҳои ҳарбӣ, киштиҳои хурд ва таҷҳизоти низомӣ иборат буд.

Эътирозҳои ҷонибдорони пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо 21 ноябри соли гузашта шурӯъ шуданд ва бар асари онҳо моҳи феврали соли равон раисиҷумҳур Виктор Янукович ба истеъфо рафт.

XS
SM
MD
LG